Кобул
From Википедиа
Кобул пойтахт ва шаҳри бузургтарини Афғонистон мебошад. Аҳолии онро дар ҳудуди аз 2.5 то 4 миллион медонанд. Вай маркази иқтисодӣ ва маданӣ, дар дараи танги дарёи Кобул дар баландии 1,800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар Кобул аслиҳа, либос, бисоти хона ва шакар истеҳсол мешаванд, ҳарчанд ки ҷанги аз соли 1979 пурдавом иқтидори иқтисодии шаҳрро костааст. Дар Кобул намояндагони миллату халқҳои гуногун, аз қабили тоҷикон, паштуҳо ва ҳазора зиндагонӣ мекунанд. Дар айни замон дар Кобул раванди барқарорсозии харобаҳои замони ҷанг давом дорад.
Мундариҷа |
[вироиш] Таърих
Номи Кобул бори аввал дар маъхазҳо, ҳамчун дарёи Кубҳа тақрибан 1200 пеш аз милод ва ҳамчун бошишгоҳ - Kabura тақрибан 300 пеш аз милод омадааст. Кобул дар замони антиқа номи Чабороро дошт. То забти арабҳо дар соли 664, Кобул дар ҳайати давлати Бохтар империяи Маурён, Кўшониён, давлати ҳиндувон қарор дошт. Дар 6 асри минбаъда дар шаҳр намояндагони сулолаи Сомониён, Шоҳиёни Ҳинд, Ғазнавиён ва Ғўриён ҳукмронӣ кардаанд.
Дар асри 13 шаҳрро муғулон ғорат карданд. Дар асри 14, нуфузи Кобул боз афзуд ва он ба яке аз марказҳои тиҷорати давлати Темуриён табдил ёфт. Баъдтар шаҳрро соли 1504 Бобур ишғол кард ва пойтахти хеш қарор дод.
Кобулро соли 1738 Нодиршоҳ забт кард. Дар миёнаҳои асри 18 дар Афғонистон Аҳмадшоҳи Дурронӣ ба сари қудрат омад ва ҳукмронии афғонҳоро барқарор сохт. Соли 1772 писари Аҳмадшоҳи Дурронӣ Темуршоҳ Кобулро пойтахт эълон намуд.
Соли 1826 Дўстмуҳаммад подшоҳи Афғонистон шуд, вале соли 1839 инглисҳо кишварро забт карда, дар Шоҳ Шуҷоъ - дастнигари худро ҳоким карданд. Шўриши соли 1841 инглисҳоро шикаст дод ва ба ақибнишинӣ ба сўи Ҷалолобод водор сохт. Соли 1842 инглисҳо бош гшата Болои Ҳисорро ғорат карданд ва ба Ҳиндустон ақибнишинӣ карданд. Дўстмуҳаммад ба тахт баргашт.
Дар ибтидои асри ХХ дар Кобул Амонуллохон ҳукмронӣ намудааст. Ў чандин ислоҳот, аз ҷумла, мактаб барои духтарон ва сар кардани истифодаи қуввваи барқро гузаронидааст. Пойгоҳи ў - Қасри Доруламон дар қисми ҷанубу ғарбии Кобул буд. Соли 1919 Амонуллохон баъд аз ҷанги сеюми инглисҳову Афғонистон, истиқлолияти Афғонистонро эълон мекунад.
Соли 1932 донишгоҳи Кобул кушода шуд ва солҳои 50-уми асри ХХ бо кўмаки Иттиҳоди Шўравӣ кўчаҳои шаҳр мумфарш карда шуданд.
Аз миёнаҳои асри ХХ сар карда, шаҳр ба маркази саноатӣ табдил ёфт.
Соли 1975 дар Кобул бо кўмаки Чехословакия хати троллейбус кушода шуд.
Баъд аз оғози ишғоли Афғонистон аз тарафи Шўравӣ, Иттиҳоди Шўравӣ Кобулро 23 декабри соли 1979 забт намуд ва онро маркази фармондеҳии қўшунҳои худ дар Афғонистон, қарор дод. Баъд аз пошхўрии ҳукумати Муҳаммад Наҷебуллоҳ дар соли 1992, Кобул ба маркази ҷанги шаҳрвҷандӣ табдил ёфт. Дар ин замон дар Афғонистон дар сари қудрат Ҷамъияти исломӣи Бурҳониддин Раббонӣ буд, вале пайравони Ҳизби исломии сарвазир Гулбуддин Ҳикматёр то соли 1996 қисми ҷанубиии шаҳрро пайваста мушакборон мекарданд.
Сентябри соли 1996 Кобулро толибон ишғол карданд, онҳо аҳолии босаводи шаҳрро таъқиб карда, пойтахтро ба Қандаҳор кӯчониданд.
Толибон Кобулро 12 ноябри соли 2001 баъд аз бомбапартоиҳои шадиди ИМА тарк гуфтанд ва ҳукмронии шаҳр ба дасти Иттиҳоди Шимол гузашт. Баъд аз ишғоли Афғонистон аз тарафи ИМА Кобул боз пойтахти Афғонистон қарор дода шуд.
Ба шаҳр Фурудгоҳи Байналмиллалии Кобул хизмат мерасонад.
[вироиш] Кобул имрӯз
Қисми қадимаи Кобул пур аз бозорҳои дар қади кӯчаҳои танг ва каҷу морпеч ҷой гирифта, мебошад. Донишгоҳи Кобул соли 1931 кушода шудааст ва дар инчунин боз якчанд донишкадаву донишгоҳҳо ҳастанд. Яке аз ҷойҳои тамошобоби шаҳр Музеи Кобул аст. Болои Ҳисор қалъае, ки инглисҳо соли 1879 хароб карда буданд, ҳоло барқарор шудааст ва ба сифати коллеҷи ҳарбӣ хизмат мекунад. Қасри Доруламон собиқ бинои харобгардидаи вазорати мудофиа мебошад.
Дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳр Кобули Ғарбӣ, Боғи ҳайвоноти Кобул, Боғҳои Бобур, Болои Ҳисор, Масҷиди Шоҳи Душамшера, Галереяи миллии Афғонистон, Бойгонии миллии Афӯонистон, Мақбараи Шоҳони Афғонистон, теппаи Бибӣ Моҳрӯ, Қабристони насорои Кобул ва Боғи Пағмон мебошанд.
[вироиш] Аз нав барқароркунӣ
Нақлиёти шаҳрӣ дар Кобул камшумор буда, ҳамагӣ 108 автобус ба аҳолии 2-4 миллиона хизмат мерасонанд. Ҳиндустон, Эрон ва Ҷопон қарор додаанд, ки ба шаҳр автобусҳои мусофиркаш биёваранд.
Октябри соли 2005 дар Кобул 13 муассисаи бонкӣ фаъолият мекард.
Меҳмонхонаи Кобул (дар маркази шаҳр) бо кӯмаки AKDN бо маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ таъмиру тармим карда шуд.
[вироиш] Маориф
- Донишгоҳи Кобул
- Донишкадаи Тиббии Кобул
- Политехникуми Кобул
- Мактаби Байналхалқии Кобул [1]
[вироиш] Кобул дар адабиёт ва шеър
Номи Кобул дар бисёр асарҳои адабиёти форсӣ - дарӣ (тоҷикӣ) омадааст. Аз ҷумла.
ززابل به کابل رسید آن زمان
Аз Зобул ба Кобул расид он замон
---Шоҳномаи Фирдавсӣ
[вироиш] Адабиёт
- Hill, John E. 2004. The Western Regions according to the Hou Hanshu. Draft annotated English translation.[2]
- Hill, John E. 2004. The Peoples of the West from the Weilue 魏略 by Yu Huan 魚豢: A Third Century Chinese Account Composed between 239 and 265 CE. Draft annotated English translation. [3]
[вироиш] Инҳоро ҳам нигаред
- Радиои Кобул
- Таърихи Афғонистон
- Рӯйхати шаҳрҳои Афғонистон
[вироиш] Пайвандҳои беруна
- Kabul - City of Light, 9 Billion dollar modern urban development project
- RAWA photos gallery of Kabul City after war
- Beggary in Kabul
- Kabul Caravan: Kabul
- The Kabul Serena Hotel
- Darul-Aman Palace
- Local news from Kabul
Пойтахтҳо Осиё |
---|
Абу-Даби | Оман | Анкара | Остона | Ашхобод | Бағдод | Боку | Бандар-Сери-Бегаван | Бангкок | Бейрут | Бишкек | Вентян | Дакка | Димишқ | Деҳли |Дили| Доҳа | Душанбе | Ҷакарта | Ереван | Иерусалим | Исломобод | Қобул | Катманду | Мале | Манама | Манила | Маскат | Никосия | Ню-Дели | Пекин | Пномпен | Путраҷайя | Пхенян | Пинмана | Сана | Сеул | Сингапур | Тайбэй * | Тошканд | Тбилиси | Тхимпху | Теҳрон | Токио | Улан-Батор | Ханой | Шри-Ҷаяварденепура-Котте | Ал-Кувейт | Эр-Рияд
* Тайвань аз тарафи бисёр давлатҳо ба назар гирифта намешавад |